AppPage.net

Screenshots

  • 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА screenshot 1
  • 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА screenshot 2
  • 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА screenshot 3
  • 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА screenshot 4
  • 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА screenshot 5

About 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Пешгуфтор
Ҳаҷ маҷмӯае аз амалҳои ибодатист, занҷираест нисбатан тӯлонӣ ва аз ҳалқаҳои ба ҳам пайвастаи аъмолӣ ташкил шуда, ки ҳар кадом бояд дар вақти худ ба шакли муносиб иҷро шавад ва агар як ҳалқа, дар ҷои худ устувор нашаваду як амал ба дурустӣ иҷро нашавад, ин занҷир аз ҳам ҷудо ва гусаста мешавад ва ранҷу заҳмати ҳоҷӣ беҳосил мемонад.
Ҳоҷиёне, ки аз кишварҳои дуру наздик ба ҳаҷ ба сарзамини ваҳй, сарзамини нузули малоик ва нузули Қуръону қадамгоҳи Паёмбарон шарафёб мешаванд, отифаашон таҳрик хоҳад шуда ва зуд ба ҳақ мерасанд, модоме ки сарпарасти ҳоҷиён ва зоирини хонаи Худо олимон ва соҳибдилоне бошанд, ки мафҳум, ҳикмат ва сирру асрори ҳаҷро ба ҳоҷиён ва меҳмонони хони Худо гуфта дода тавонанд. Бисёрии ҳоҷиён тайёранд, ки дар ин сафари бузургу тағйирдиҳандаи руҳу равон аз гуноҳон ва аъмоли зишти гузаштаи худ ба даргоҳи Худои таоло бо ихлоси том тавбаву омурзиш намуда аз ҳаҷ ба монанди тифли навзод бегуноҳ ба ватанашон баргарданд.
Мутаассифона бархе аз ҳоҷиён аз ҳадаф ва ҳикмати асоси ва аслии ҳаҷ баҳра набурда аз ин сафари руҳонӣ бенасиб бармегарданд.
Эй бародари динӣ! Худои таборак ва таоло неъмати бузурге ба шумо ато фармудааст, ки иродаи ба хонаи муқаддаси худ ва зиёрати шаҳри мубораки Расули худро дар дилатон андохта ва васоили расидан ба онҷоро низ бароятон муяссар гардонидааст, қадру қимат ва азамати ин неъмати бузургро бидонед ва шукри Худоро ба ҷо оваред. Ва бузургтарин шукри неъматҳо ин аст, ки пеш аз озими сафари ҳаҷ, дар омодагӣ ва омӯхтани аъмоли ҳаҷ ва тариқаи адои он машғул шавед. Дар даврони сафари ҳаҷ бояд чанд китоби диниро ҳамроҳ дошта бошед. Ҳадди ақал яке аз онҳо китобе бошад, ки дар ҳангоми зарурат битавонед масоили ҳаҷро аз рӯи он донист.
Барои ба ҷо овардани яке аз фарзҳои Худовандӣ китобҳои зиёде мавҷуданд. Азбаски барои дуруст фаҳмидану дарк кардани масъалаҳои зикршуда бисёр одамон, ҳоҷиён азоб мекашанд ва баъзе масъалаҳоро нодуруст мефаҳманд. Ман бо кӯмаку ёрии Худованди мутаол кӯшиш ба харҷ додам, ки як китобе бо усули бисёр сода ва омафаҳм ба тариқи саволу ҷавоб таълиф ва ҷамъоварӣ намоям, то ки ҳоҷиёни муҳтарам барои баҷо овардани маносик ва аркони ҳаҷ азоб накашанд ва ба душворӣ гирифтор нашаванд. Ман ҳамаи маросимҳои ҳаҷро бо тартиб бо тариқи саволу ҷавоб барои хонандагон пешниҳод намудам. Аз Худованди мутаол умедворем ки инро қабул бифармояд ва мавриди қабули мусулмонон бигардонад.
Муаллифи китоб: Қурбонов Абдулвадуд

Alternatives to 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА

Looking for apps like 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА? Here are 6 similar Android apps on Google Play. The highest rated is Rus tilini o'rganish (5.0/5), and all 6 are free to download.

1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА vs. alternatives
App Rating Price Installs Last updated Compare
1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА – Free 5+ Mar 12, 2024
Rus tilini o'rganish 5.0 / 5 Free 1,000,000+ Sep 30, 2026 Compare
O'zbek-Inglizcha so'zlashgich – Free 100,000+ – Compare
Ruscha - o'zbekcha audio dia.. 4.4 / 5 Free 500,000+ Apr 16, 2026 Compare
Ruscha AUDIO dialoglar 2-qism – Free 100,000+ Sep 28, 2025 Compare
Дуоҳои муборак 4.7 / 5 Free 100,000+ Apr 18, 2026 Compare
Ingliz tili - audio qo'llanma 4.8 / 5 Free 100,000+ Sep 27, 2025 Compare

Compare 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА with the top alternatives: ratings, updates, ASO score and keyword gaps →

Similar apps on Google Play