(Тоҷикӣ)
Аҷдоди тоҷикон аз қадимулайём дар сарзамини ҳозираи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон зиндагӣ карда халқи қадимтарини Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза қадимтарин осори ҳаёти инсон ба давраи палеолити миёна рост меояд. Дар замонҳои қадим ниёгони тоҷиконро ориёӣ мегуфтанд. Ориёӣ — аз калимаи авестоии «aria» ва эронии «ariya» баромада маънояш «тоза», «асилзода» аст. Дар замонҳои қадим аҷдодони тоҷиконро — ориёӣ мегуфтанд.
Таърихи қадимтарини ориёиҳо дар китоби Авесто ва Ведҳо, адабиёти зардуштӣ ва сарчашмаҳои асримиёнагӣ аз қабили «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва ғайра сабт гардидааст.
Дар қадим аҷдоди ориёиҳо ҷамъияти ягонаи этникиро ташкил мекарданд, яъне як халқ буданд, бо як забон гап мезаданд ва дар як кишвар зиндагӣ мекарданд. Тақрибан дар асри XX—XV п.м. онҳо ба ду шоха тақсим шуданд, ки яке аз онҳо ба Ҳиндустон кӯчида дар онҷо Ведҳоро таълиф карданд. Гурӯҳи дуюм дар Осиёи Миёна ва Эрони Шарқӣ зиндагӣ мекарданд ва Авесторо офариданд. Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ дар асрҳои IX—VIII то м. тоифаи ориёиҳо тақрибан дар нисфи қитъаи Осиё аз сарҳади Байнаннаҳрайн то шимоли Ҳиндустон ва аз Аврупои Шарқӣ — Ҷанубӣ то Олтойу Сибири Ғарбӣ зиндагӣ мекарданд.
Ба қатори халқҳои ориёӣ ин давра — бохтариҳо, суғдиҳо, хоразмиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишин сакоиҳо — скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва халқҳои дигари эронинажод дохил мешуданд.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ мардуми Ориёно — Давлати Пешдодиён ва Давлати Каёниён, Турон — Давлати Афросиёб, Подшоҳии Бохтари қадим, Давлати Суғди қадим, Давлати Хоразми Бузург, Порсу Давлати Мод ва Хуросон аҷдодони ориёӣ номбар шудааст.
(English)
Tajikistan harkens to the Samanid Empire (819–999). The Tajik people came under Russian rule in the 1860s. The Basmachi revolt broke out in the wake of the Russian Revolution of 1917 and was quelled in the early 1920s during the Russian Civil War. In 1924, Tajikistan became an Autonomous Soviet Socialist Republic of the Soviet Union, the Tajik ASSR, within Uzbekistan. In 1929, Tajikistan was made one of the component republics of the Soviet Union – Tajik Soviet Socialist Republic (Tajik SSR) – and it kept that status until gaining independence 1991 after the dissolution of the Soviet Union.
It has since experienced three changes in government and the Tajikistani Civil War. A peace agreement among rival factions was signed in 1997.
Adolf Hitler (20 April 1889 – 30 April 1945) was an Austrian-born...
Liberia is a country in West Africa founded by free people of...
(English )Jewish history is the history of the Jews, and their nation,...
(Oromoo)Ka'umsi Oromoo eessaa akka ta'e sirriitti hubachuuf qorannoon dabalataa barbaachisuyyuu, Oromoon jalqabarratti...
(English)Ethiopia is one of the oldest countries in Africa; the emergence of...
Until roughly 2,000 years ago, what would become Zimbabwe was populated by...
Created with AppPage.net
Similar Apps - visible in preview.