Зиндагонии Паёмбар (с)
Ба ҳар хонандаву пажўҳандаи таърихи анбиё ва динҳои
осмонӣ пўшида нест, ки рисолату оини ҳар паёмбарро дар ҳаёт
ва баъд аз марги вай ёрону шогирдони мухлису ҷонфидояш
дар рўи замин мунташир ва паҳн кардаанд.
Қуръони карим ба ин матлаб таваҷҷўҳ намуда, аз баъзе
ёрону пайравони мухлису паёмбарон достонҳоеро қисса
менамояд.
Чунончи аз ёрони сарсупурдаи Исо (ъ) ба номи
«ҳавориюн» ёд намуда, ҷоннисории онњоро нисбат ба рисолати
осмонӣ ва шахсияти Исо (ъ) бозгў менамояд.
Ҳамин тавр ёрону асҳоби Расули Худо (с) бештар аз
«ҳавориюн»-и Исо (ъ) ба тасдиқу таъйиди рисолати ҳазрати
Муҳаммад (с) шитофта, тамоми озору шиканҷаҳои мушрикони
арабро ҳамроҳи Расули акрам ( с) таҳаммул карданд ва
сарвату дороӣ, зану фарзанд ва ҷонҳои худро нисори ин роҳ
карданд.
Балки инҳо буданд, ки дар тамоми набардҳо ва ҷангҳои
сарнавиштсоз бо занону фарзандони худ ширкат варзида дар
пирўзӣ ва пойдори Ислом нақши босазо гузоштаанд.
Ва боз баъди даргузашти Паёмбари Худо (с), ки баъзе аз
қабилаҳои тозамусалмон аз Ислом баргаштанд ва қариб буд
ба шаъну шавкати давлати Исломӣ дар Мадинаи мунаввара
зарбаҳои шадид ворид созанд, вале тамоми асҳоби Паёмбар
(с) дар атрофии халифаи аввал Абубакри Сиддиқ(р) муттаҳид
гашта барои дифоъ ва густариши Ислом дар Ҷазирату-л-Араб,
балки дар тамоми дунё пайкору ҷонбозиҳо карданд, ки имрўз
осору натоиҷи талошу ҷоннисориҳои ононро дар тамоми кишварҳои мусалмоннишини дунё бо чашми хеш мушоҳида
менамоем.
Қуръони карим ҳам моломоли садҳо оётест, ки дар
мавоқеъи гуногун аз имоми росих, ихлосу самимият ва
ҷонбозиҳояшон дар роҳи Худо тавсифу таҳсин мегўяд ва
ҳамчунин аз подоши аъмолашон дар охират, ки баландтарини
он хушнудии Парвардигори олам аз онҳост, ба эшон башорат
ва мужда додааст.
Тамоми таърихнигорон ва ҳатто ҷомеашиносони ғайри
мусалмон ба азамату бузургӣ, ихлосу фидокориҳои асҳоби
Расули Худо (с) эътироф намуда, нақши бузурги онҳоро дар
густариш додани оини Ислом дар ҷаҳон арзёбӣ карданд ва аз
ҳусни сиёсат, адолату мусовоти ҷомеаи исломии онҳо мадҳу
ситоишҳо карданд.
Воқеан, ҳаёту рўзгори ҳар яке аз ин абармардон дарсҳои
ибратомўзи имонӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дорад, ки тамоми
наслҳои мусалмон метавонанд аз онҳо саъодату некбахтии
дунёву охиратро ба даст оранд.
Китоби ҳозир тавассути нависандаи маъруфи мисрӣ, устод
Абдурраҳмон Раъфатпошо бо услуби равон ва оммафаҳм
таълиф шудааст.
Ин китоб баёнгари имони ростин ва шуҷоату қаҳрамонии
ёрони босафои ҳазрати Паёмбар (с) аст, ки бо сидқу ихлос зи
пайи нуре, ки дар Макка дурахшид ва дар Мадина тобид ва
дар ҷаҳон партав афканд, рафтанд ва саъодати ҷовидонро дар
дунё бо зикри корномаҳои нек ва дар охират бо касби биҳиштӣ
барин дарёфтанд. Аз Худованди мутаъол масъалат менамоем,
ки моро бо пайравӣ аз нақши ќадамњои онон тавфиќ дињад,
то дар навбати худ сарчашмаи хайру некӣ барои ҷомеаи
инсонӣ шавем.
Китоби мазкур бо ибтикори донишманди афғон Абдулҳақ
Атид ба форсї тарҷума гардид. Вале надонистани ҳуруфи
форсии ниёкон аз тарафи баъзе хонандагони гиромӣ моро ба
он водошт, ки бо осонсозии баъзе таъбироти мураккаб онро
ба ҳарфи кирилӣ баргардонем ва дар дастрасии онҳо қарор
диҳем.
Абдулҳалим Орифӣ
Ушбу китоб «Ҳидоят» журналининг 1999-2000 йиллардаги сонларида «Аёллар саҳифаси», «Хос фиқҳий масалалар»...
Har bir yurtning o'ziga yarasha urf-odati bor. Ushbu dastur gulbazmlardan iborat.Gulni yerga...
Бисмиллаҳир Роҳманир Роҳийм.Аллоҳ таолога битмас-туганмас ҳамду санолар бўлсин.Пайғамбаримизга мукаммал ва батамом салавоту...
Ushbu dasturda siz o'zingizni qiynayotgan Islomiy, diniy savollaringizga to'liq va holis javob...
Китоби дуоҳо (қисми 1)Дар ин барнома дуоҳо бо забони тоҷикӣ оварда шудаастМураттиб...
Аллоҳ Таоло барчамизни мазкур дастур (китоб)-да жамланган Пайғамбаримиз Муҳаммад (с.а.в)-нинг муборак ҳадисларидан...
Created with AppPage.net
Similar Apps - visible in preview.