Back to Top
Намоз - калиди Ҷаннат Screenshot 0
Намоз - калиди Ҷаннат Screenshot 1
Намоз - калиди Ҷаннат Screenshot 2
Намоз - калиди Ҷаннат Screenshot 3
Free website generator for mobile apps; privacy policy, app-ads.txt support and more... AppPage.net

About Намоз - калиди Ҷаннат

Сураҳои кӯтоҳ аз Қуръони Карим ва шаш калимаи динӣ бо тарҷумаҳояш, сураҳои Ёсин, Мулк ва Набаъ


Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Ба номи худованди бахшояндаву меҳрубон.
Иннал ҳамда лиллоҳи, наҳмадуҳу таъоло ва настаъинуҳу ва настағфируҳу ва наъузу биллоҳи мин шурури анфусино ва мин саййиоти аъмолино, ман яҳидиллоҳу фало музилла лаҳу ва ман юзлилҳу фа ло ҳодия лаҳ. Ва ашҳаду ал ло илоҳа иллалоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу саллаллоҳу ъалайҳи ва ъало олиҳи ва асҳобиҳи ва ман табиъаҳум би иҳсонин ило явмиддини ва саплама таслиман касиран. Аммо баъд:
Хоҳарон ва бародарони гиромиқадру азиз, бо ёрӣ ва мадади Худованди мутаъол иншоаллоҳ ирода намудаем, ки китоберо барои омӯхтани таълими намоз, ки яке аз рукнҳои асосии ислом мебошад бо тарзи соддаву омафаҳм навишта пешкашу тақдими шумо намоем ва он чӣ ки барои ҳар як мусалмон заруру лозим аст баён намоем. Ва инчунин мо мақсади онро дорем, ки шояд бо сабаби хондани шумо ва амал намудан ба он чизе, ки аз ин китоб меомӯзед Худованди меҳрубон гуноҳони мо бандагони гунаҳкорро бахшида савобе дар номаҳои аъмоли мо зам намояд.
Вазифаи аввалиндараҷаи аҳли башар шинохтани Худои таъоло (ҷалла-ҷалолуҳу) ва фармонбарӣ аз Ӯст, ки ба ҳукми ақл ва дин воҷиб аст, ки дар баробари чунин Маъбуд ҳамду сано гуфта шукри неъматҳои Уро ба ҷо оварем. Бародарон ва хоҳарони гиромиқадр!_Пеш аз он ки бандагии Аллоҳро ба ҷо оварем, бояд аввал Ӯро бишносем ва баъд ба ибодати Ӯ машғул шавем.
Танҳо доруе, ки дардҳо ва балоҳои ҳар як фард ва ҷомеъаро шифо мебахшад ва бе ягон нерӯи лашкарӣ ва муҳиммоти ҷангӣ, аз ҷиноят ва зулм ва ваҳшигарӣ ва одамкушӣ ва нашъамандию фоҳишагарӣ, ғоратгарию дуздӣ ва дигар амалҳои зишт боз медорад, ҳамоно имон ба Офаридгор ва амал кардан ба қонунҳои Ӯст. Ва ин қонунҳоро Аллоҳтаъоло ба воситаи пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи васаллам барои хайру маслиҳати бандагони худ фиристода ва онҳоро чунон возеҳу равшан баён намуда, ки ба воситаи ин қонунҳо вазифаи ҳар шахсеро, ки саъодати дунё ва охирати ӯро таъмин мекунад, муаӣян намуд.
Дини ислом он чи ки ба зиндагии ҷомеъа зарари куллӣ дорад онро манъ ва ҳаром гардонида дунёро ба сулҳу сафову оромиш, даъват мекунад. Дини ислом комилтарин динест, ки нисбат ба ҳар чизе, ки мавриди эҳтиёҷи башар аст одилона ҳукм мекунад.
Пас бар ҳар фарди мусалмон хоҳ нохоҳ воҷиб аст, ки ба он ҳукмҳо ба таври бояду шояд амал кунад, то саодатмандона ба мақоми шоистаи инсоният бирасад.
Чуноне ки Худованди муттаъол мефармояд:
“Иннаддина ъиндаллоҳил ислом”
«Албатта дини ҳақ назди Худо (дини) Ислом аст»
(Оли Имрон, 19).






Keywords: tajik app tajikistan namoz барнома барномаи тоҷикӣ тоҷик точик Тоҷикистон Точикистон омӯзиши намоз омузиши намоз бо забони точики китоб китобхои исломи ислом хадис дуо дуоҳои дуоҳо дуохо хадис ҳадис хадисхо ҳадисҳо салавот

Similar Apps

Аёлларга оид энг зарур фиқҳи..

Аёлларга оид энг зарур фиқҳи..

0.0

Ушбу китоб «Ҳидоят» журналининг 1999-2000 йиллардаги сонларида «Аёллар саҳифаси», «Хос фиқҳий масалалар»...

Минг бир ҳадис

Минг бир ҳадис

0.0

Аллоҳ Таоло барчамизни мазкур дастур (китоб)-да жамланган Пайғамбаримиз Муҳаммад (с.а.в)-нинг муборак ҳадисларидан...

Энг гўзал салавотлар

Энг гўзал салавотлар

4.6

Бисмиллаҳир Роҳманир Роҳийм.Аллоҳ таолога битмас-туганмас ҳамду санолар бўлсин.Пайғамбаримизга мукаммал ва батамом салавоту...

Китоби дуоҳо (қисми 1)

Китоби дуоҳо (қисми 1)

0.0

Китоби дуоҳо (қисми 1)Дар ин барнома дуоҳо бо забони тоҷикӣ оварда шудаастМураттиб...

Китоби дуоҳо (қисми 2)

Китоби дуоҳо (қисми 2)

0.0

Китоби дуоҳо (қисми 2)Қисми дуюми китоби дуоҳо. Маҷмӯи дуоҳо бо забони тоҷикӣДар...

Рӯзаи моҳи Рамазон

Рӯзаи моҳи Рамазон

0.0

Китоби рӯзаи моҳи Рамазон - Моҳият ва аҳкоми он.Китоб ба манзури баланд...

author
👍👍👍👍
Muhammad Zokirov