Grammar and forget English ba toӣik
Tarzi oson omuhtani zaboni englisӣ
Грамматикаи забони англисӣ ба тоҷикӣ
Луғати англисӣ ба тоҷикӣ ва тоҷикӣ ба англисӣ
Муҳовораи забони тоҷикӣ ба англисӣ
Топикҳои забони англисӣ ба тоҷикӣ
Дарси забони англисӣ
Омузиши забони англисӣ
Тарзи осон омухтани забони англисӣ
Таджикско-Английский разговорник
English-tajik dictionary
«Худомӯзи забони англисӣ» барои мутахассисони соҳаи мушаххас пешбинӣ нашудааст. Он ҷанбаи умумии омӯзишӣ дошта, метавонад мавриди истифодаи хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёнаву литсейҳо, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва коргарони касбу пешаи гуногун қарор гирад. Инчунин ёдовар мешавем, ки ин барнома ҳамчун «худомӯз» аввалин бор ба хонандаи тоҷик забон ба забони модариаш пешкаш мешавад. Бинобар ҳамин аз хонандагони арҷманд эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки агар норасоие дар барнома мушоҳида намоянд, аз роҳнамоӣ ба мо дареғ надоранд, то ки дар версияҳои минбаъда ислоҳ гардад.
Пеш аз ҳама хотирнишон месозем, ки шумо бо «худомӯз» сарукор хоҳед дошт ва ҳангоми истифодаи он шуморо қабл аз ҳама дарки он масъулият зарур аст, ки шумо забонро мустакилона, бе ёрии омӯзгор меомӯзед. Аз ин сабаб, дар ин амр аз шумо саъю кушиш, диққату заковати ҷиддӣ талаб карда мешавад.
Худомӯз аз 20 дарс мураттаб гаштааст. Шаш дарси аввали он ба масъалаҳои фонетикӣ бахшида шудаанд ва дар он дарсҳо шумо бо аломатҳои транскрипсияи фонетикӣ, бо қоидаҳои хондани ҳар як ҳарфи алифбои забони англисӣ дар ҳолатҳои гуногун шиносоӣ пайдо мекунед. Дар дарсҳои фонетикӣ дар баробари қоидаҳои хондани ҳарфҳо инчунин ҳолатҳои истисноӣ, яъне ҳолатҳои риоя нашудани ин ё он қоидаҳои хониш дода мешаванд. Омӯзиши ҷиддии шаш дарси аввали барнома ба шумо имкон медиҳад, ки дар хондану навиштан ва талаффузи дурусти калимаҳои забони англисӣ дониши амиқ пайдо кунед. Зимни шарҳи қоидаҳои хондани харфҳо оид ба ҳар як қоидаи хондан калимаҳои зиёде мисол оварда мешаванд. Дар охири дарсҳои мазкур машқҳои фонетикӣ дода мешаванд, ки иҷрои онҳо маълумоти шуморо оид ба ҳар як аз он дарсҳо мустаҳкам хоҳад кард.
Хотиррасон месозем, ки дар дарси аввал мо тамоми овозҳои транскрипсияи фонетикиро шарҳ додаем ва он ба шумо имкон медиҳад, ки зимни кор бо бҳои гуногуни дарсӣ ва луғатҳо мушкилоти худро осон созед. Лекин барои осонии кори шумо дар ин барнома ҳангоми шарҳи калимаҳо дар дарсҳои фонетикӣ мо аз ҳарфҳои алифбои точикӣ истифода кардем ва лозим мешуморем, ки баъзе нуктаҳоро ин ҷо шарҳ диҳем. Таркиби ҳарфҳои «th» овозҳои «з» ва «с» медиҳад ва онро на монанди «с» ва «з» -и тоҷикӣ бояд талаффуз намуд. Зимни талаффузи он овозҳо нӯги забон бояд дар байни дандонҳои болою поён қapop гирад. Нуктаи дигар он аст, ки пас аз овозҳои садонок дар баъзе мавридҳо аломати ду нуқта «:» истифода шудааст ва аз он далолат мекунад, ки овози пеш аз ду нуқта қарор доштаро бояд дароз талаффуз кунед.
Аз дарси ҳафтум шурӯъ намуда дарсҳо ба масъалаҳои грамматикӣ бахшида мешаванд ва дар он дарсҳо шумо бо намудҳои гуногуни ибораву ҷумлаҳои забони англисӣ, бо истифодаи ҳиссаҳои гуногуни нутқ ошноӣ пайдо мекунед. Дар дарсҳои мазкур ҷумлаҳои тасдиқӣ, инкорӣ ва саволӣ бо овардани мисолҳои гуногун шарҳ дода мешаванд. Дар он дарсҳо дар баробари шарҳи мавзӯю масъалаҳои гуногуни грамматикӣ боз матнҳо, сӯҳбатҳо, супоришҳои грамматикӣ оварда мешаванд. Сараввал ин ё он мавзӯи грамматикӣ шарҳ меёбад, пас дар матн ва сӯҳбатҳо он мавзӯъ мустаҳкам карда мешавад. Супоришҳои ҳар як дарс асосан ҳамон мавзӯи грамматикиеро дар худ таҷассум менамоянд, ки маҳз дар ҳамон дарс матраҳ гардидааст. Дар охири дарсҳои грамматикӣ калимаву ибораҳои нав бо тарҷумаашон дода мешаванд.
Дар барнома зиёда аз 1600 калимаву ибораҳои забони англисӣ кор фармуда шудаанд. Зимни кор бо худомӯз аз шумо талаб карда мешавад, ки ҳар як масъалаи грамматикии дар дарсҳо шарҳёфтаро ба таври ҷиддӣ омӯзед, матнҳо ва маводи фасли «Do уои know»-po даҳонӣ тарҷума кунед, бо сӯҳбатҳо машқ кунед, супоришҳоро хаттӣ иҷро кунед ва ҳамаи калимаву ибораҳои нави ҳар як дарсро аз ёд кунед.
Изучение английского языка по методу доктора ПимслераМногие безуспешно пытаются выучить английский язык...
Грамматика русского языкаНа сегодняшний день русский язык является одним из самых распространенных...
«Математика учиться: Brain Challenge. Пошаговое изучение математики для начинающих» – это новый...
Изучаем арабский язык с нуляАрабский алфавитУроки арабского языка для начинающихАрабский язык считается...
Казахско-русский разговорник и словарьРусско-казахский разговорник и словарьНа казахском языке разговаривает 12 миллионов...
lug'at akademik litsey va kasb-hunar kollejlari o'guvchilari hamda ingliz tilini mustagil o'rganuvchilar,...
Frequently Asked Questions(FAQ)
Создано AppPage.net
Similar Apps - visible in preview.